Ба гузориши ИКНА ба нақл аз «Раъюл-Явм», муфтӣ Муҳаммад Тақии Усмонӣ дар ҳисоби расмии худ дар шабакаи иҷтимоии Икс (Твиттери собиқ) навишт:
«Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуди ҳамлаҳои Исроил, посухи қавӣ ва қатъие ба душман дод».
Ӯ афзуд: «Исроилиҳо бори аввал дарк карданд, ки бомборон яъне чӣ. Тавтиаҳои режими саҳюнистӣ алайҳи ҷаҳони Ислом бар касе пӯшида нест».
Муфтии аъзам хитоб ба ҷаҳони Ислом таъкид кард: «Ин як фурсатест дигар барои ҳама кишварҳои мусалмон, ки барои муқовимат бо Исроил ва рафъи комили таҳдидҳои он, бо ҳам иттиҳод кунанд».
Аз замони оғози посухи шадиди нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таҷовузҳои ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ дар чорчӯби амалиёти “Ваъдаи содиқ 3”, бисёре аз аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳҳои мазҳабӣ дар Покистон бо маҳкум кардани Исроил ва пуштибони аслии он — Амрико — дар пуштибонӣ аз Эрон роҳпаймоиҳо анҷом додаанд.
Ҳамчунин, намояндагони Сенат ва Маҷлиси миллии Покистон бо қатъиян пуштибонӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва махкум кардани ҳамлаҳои террористии режими саҳюнистӣ, қатъномаҳо ба тасвиб расониданд.
Ҳукумати Покистон низ бо маҳкум кардани рафтори ваҳшиёнаи Исроил дар минтақа ва таҷовуз ба хоки Эрон, изҳор дошт:
Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, ҳаққи қонунии дифоъ аз худро дорад.
Шоистаи зикр аст, ки шаби гузашта паҳбодҳои эронӣ, пас аз убур аз фазои ҳавоии Ироқ, дар масири ҳаракат ба сӯи Фаластин вориди Ҷаволони ишғолӣ шуданд ва садои сиренаҳои ҳушдор дар бахшҳои густурдаи Фаластини ишғолӣ ба садо даромад.
Ба гузориши шабакаи Ал-Маёдин, баъзе аз мушакҳои партобшудаи Эрон ба шаҳри бандарии Ҳайфо расидаанд. Аз тарафи дигар, се киштии нафткаш низ дар бандари Хур-Факони Имороти Муттаҳидаи Араб, сӯхтаанд.
Бар асоси гузориши расонаҳои ибриёнӣ, ҳазорон саҳюнист баъд аз ҳамлаҳои мушакии Эрон дар Тел-Авив ва Ҳайфо ба паноҳгоҳҳо фирор кардаанд. Ба гуфтаи ин расонаҳо, ҳамлаҳои навини Эрон ба шакле печида оғоз ёфтаанд.
342/
Your Comment